Интиқоди муфтии Арабистони Саудӣ аз амалиёти низомии Русия
Абдулазиз бин Абдуллоҳ, муфтии Арабистони Саудӣ амалиёти низомии Русияро дар Ҳалаби Сурия маҳкум кардааст.
Бино ба хабари расонаҳо, муфтии Арабистон, ки бо фатвоҳои зиду нақизаш маъруф аст, гуфтааст, Русия бо истифода аз маводи махсус беморхона, мактаб ва хонаҳоро дар Ҳалаб хароб мекунад. Дар робита ба ин, муфтӣ ҷавонони саудиро барои омода шудан дар муқобила бо душманон даъват кардааст. Ӯ аз баргузор кардани тамрини низомӣ дар халиҷи Форс ҳимоят карда, изҳор доштааст, замони омода шудан барои иқдомҳои низомӣ фаро расидааст, “то ин кишвар ва дастовардҳояш наҷот ёбанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |