Бахшҳо
21 ноя 2016 10:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳисобкунаки обӣ: Барои одамон ва чорво

Муъминобод яке аз нахустин ноҳияиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аст, ки ба ҳисобкунаки обӣ гузаштааст.

Масъулини ноҳия мегӯянд, ҳоло 1673 сокини Муъминобод ҳисобкунакҳои обӣ доранд. Ҷуъмахон Сафарзода, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, давоми як соли ахир бештар аз 17 деҳа ва маҳаллаҳо ба ҳисобкунакҳои обӣ пайваст шудаанд: “Мардум худашон таҷҳизоти лозимро аз бозор харида, барои насби он ба идораи об муроҷиат менамоянд. Умедворем, ки то як соли дигар тамоми мардуми ноҳия ба ин системаи нави хизматрасонӣ мегузарад”.

Масъулини ноҳия мегӯянд, як ҳисобкунаки обӣ 35 сомонӣ арзиш дорад.

Гулҷаҳон Табарова,
як сокини 29-солаи рустои Деҳлолои ҷамоати Н.Назаров гуфт, дар гузашта онҳо обро аз ҳамсоядеҳаашон, ки дар масофаи 3 километр ҷойгир аст, мекашонданд: “Ҳоло об дар назди манзили худамон аст. Бо соат обро мегирем ва бояд онро сарфакорона истифода намоем”.

Дар деҳаи Деҳлоло насби ҳисобкунаки обиро ҳатто барои чорво таҷриба карданианд. Амрохон Иброҳимов, раҳбари Ассосиатсияи истифодабарандагони оби нушокии "Деҳлоло-2" мегӯяд, монанди оби ошомиданӣ деҳаи онҳо дар пайдо кардани об барои чорво низ мушкил дошт: “Дар қишлоқи ҳамсоя як ҳавз буд, ки чорвои мардум аз он ҷо об менушид. Бисёр ҳолатҳо ин норизогии мардуми он деҳаро ба бор меовард. Билохира тасмим гирифтем, ки барои чорвои деҳаамон ҳам об биёрем. Рӯзҳои наздик баъди васл кардани ҳисобкунаки обӣ обро ба чорво хоҳем дод”.

Ӯ афзуд, агар барои аҳолӣ як метри мукааб об як сомониро ташкил бидиҳад, барои чорво як метри мукааб об 50 дирам арзиш хоҳад дошт: “Агар ин таҷриба амалӣ шавад, маблағи ҷамъоваришуда ба хазинаи ассотсиатсия гузаронда мешавад”.
Мӯҳр
Дар нохияи Фархор хам наздик ба як сол аст, ки хисобкунакхои оби насб шудаанд.

Али фархор
Факат хисобкунак барои хавои тоза насб кунанд баьд хушбахттарин миллат мешавем. Вой бар холи миллати мазлуми точик

Мо дар деха дар хавлинхоямон чох меканем ва об мебарорем. Ба хаминхохам хисобкунак мегузоранд?

Дар нохияи Дангара 5 сол пеш хисобкунакхои обро насб карда буданд. Баъди насби хисобкунакхо водапрводхои кучахоро махкам карданд. Чунки хеч кас пули оби истифодашуда аз ин водапроводхоро намедихад. Дигар дар роххо ягон водапровод нест. Об намеёби дар кучахо. Хамон пештарааш хуб буд ки чанд метр пас об буд дар кучахо... Раиси нохия аз барои савоб дар кучахо водапроводхоро аз сари нав кушоед! Як одами ташна об нушад савобаш ба шумо хам мерасад.

чалолид ни чабор
ман хайрон ба ин раиси дастгох ин мардум ба и дарача поквичдон шудаст ки худаш хисобкунак харида пули об месупоридаст дар холе ки дар ун кишлок мохашба 35 сомон даромад надоранд илтимос чоп кунед

Душанбе
Nomdor,
Дар Дангара вазъият чунин бошад вой бар холи нохияхои дигар. Намешавад, ки дар раисхо хисобкунанки пули насб кунанд, шояд пулгумшави дар БУЧА кам шавад. ОЗОДАГОН чоп бикун. ба сомонаи шумо ба азобхо медароем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)