Бахшҳо

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми ноябр ҷаласаи ҳукумат гузаронда, масоили кадрӣ, мубориза бо коррупсия, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва додани унвонҳои илмиро дар кишвар баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати адлия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуд.

Дар пайи ин Рустами Эмомалӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба қонунҳо ва Кодексҳои кишварро муаррифӣ кардааст, ки ба муборизаи беҳтар алайҳи коррупсия равона шудаанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Рустами Эмомалӣ аз ҷумла дар бораи тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва инчунин тағйирот ба Кодекси ҷиноятию Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муаррифӣ кардааст, ки аз ҷониби ҳукумат маъқул дониста шуд: “Ҳамаи лоиҳаҳои мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд”.

Зимни ҷаласа Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 гузориш додааст, ки бар асоси он сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат дар амал татбиқ кардани нишондодҳои барномаи миёнамӯҳлати рушди ҷумҳурӣ дастур додааст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бо дарназардошти манфиати давлату миллат тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Дар пасманзари иттилоъ, ки Русия кори аксари Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон мутаваққиф кардааст, мавзӯи додани унвонҳои илмӣ яке аз мавзӯҳои меҳварии ҷаласаи ҳукумат будааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода, раиси “Комиссияи олии аттестатсионӣ” дар ҷаласа дар бораи тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, дотсент, профессор ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда гузориш додааст.

Дар охири ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муваззаф кардааст, ки барои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистон тадбирҳои мушаххас андешанд.


Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)
Мӯҳр
Беном
Барои чи масъалаи академикхову аъзохои академия, ки дар вазифаи давлати фаъолият доранд барраси нашуд. Хозир вазиррхову раисхо нисфашон академик. Оё онхо ба гуфти Путин олимони бехад зуранд? Онхо аай вакт ёфта ба кори илми машгул мешаванд?

Бисер фикри оличаноб оиди унвонхои илми. Кару калу кур номзади илм шуда истодаанд ва бо ин рох ба вазифахои болои таъин мешаванд. Хатто номзадии докториро химоя карда вазифаи баланд мегиранд, Вале баъди чанд вакт, аз Москва рисолаи уро хат мезананд. Аммо касе инро на медонаду ин шахс дар вазифааш кор карда гаштаст.

кадушох
Садхо асархои илмиву адабии академикони зиндаед осими, мирзоев, мухторов, рачаб амонов, маниезов, шакуриро хондаему медонем, лекин академикхои мансабталоши имруза ягон асару осори барои илиу чомеа фоиданок надоранд ба чуз лагандбардори . Раисонеро медоннм ки доктори илманд дар асл точикиро бо лахча гап мезананд ва забони русиро бомба мефахманд.

мухочир
Агар ин номзади илмхоро аз санчиши ихтисосиашон гузарони ба гуфтаи устоди шодравон Лок Шерали ,Мабодо настаран гуй ба гушаш Ресторан ряд, Баьзеаш садкаи хамин унвон шавад,Дар базе донишгоххо дар вакти имтихонхо ба чои савол додан ба донишчуй аввал ПУЛ мепурсанд,

коно
Унвонхои баланди илмии- Академик, аъзо-корресп АУ, профессорхо, ки дар солхои истиклолия унвонхоро аз пушти вазифаи давлатиашон гирифтанд, фаври бекор шаваду маблагхо бозпас гирифта шаванд.

Дар Академияи таҳсилот бошад унвонҳоро бебаркаш дода истодаанд. Ҳатто "олиме" дар арафаи ҳимояи ДОКТОРИАШ ба зердастонаш телефон карда мефармояд,ки барои рисолааш тезтар аннотатсия нависанд...........................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)