Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Британияи Кабир сафорати Эрон дар Лондонро мебандад

1 декабр 2011, 06:55

Виллям Гейг, вазири корҳои хориҷаи Британияи Кабир эълом доштааст, ки Шоҳигарӣ кулли дипломатҳои Эронро аз қаламрави кишвар хориҷ мекунад.


Тибқи иттилои расида, номбурда ҳамчунин гуфтааст, сафоратхонаи давлати исломӣ дар Лондон дар наздиктарин фурсат баста мешавад.

Дар ҳамин ҳол Фаронса низ сафири худро аз Эрон бозхонд кардааст ва бо чунин иқдоми худ ба кишварҳои  Олмону Норвегия пайваст, ки сафоратхонаҳои худро муваққатан дар Теҳрон бастаанд ва сафиронашонро ба кишварашон фаро хондаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дирӯз Британия барои бастани сафорати Эрон дар Лондон ба Эрон 48 соат вақт дод ва ин мӯҳлат имрӯз ба поён мерасад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!