Бо ин мақсад заминҳои доманакӯҳи Мевағул аз ҷониби ташкилотҳои пудратӣ ҳамвор гардида, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии хусусӣ мувафиқ мешаванд.Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», имрӯз аз ҳисоби заминҳои ҳамворшуда боз 9,54 гектар замин ҷудо карда, ба 159 оилаҳои эҳтиёҷманд манзил тақсим карда шуд.
Райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аснои тақсимоти замин суханронӣ карда, ҳамаи онҳоеро, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд, табрик намуд ва хоҳиш кард, ки ба хотири ободию зебогии маҳаллаҳои нав бунёдшаванда, беҳдошти симои меъмории ҳам минтақа, ҳам маҳалла ва ҳам шаҳр сохтмони иншоотро тибқи лоиҳаҳои аз ҷониби мутахассисон пешниҳодшуда ба роҳ монанд.
Бойиси тазаккур аст, ки шурӯъ аз аввали маъракаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои қасабаҳои 1-ум, 2-юм ва мавзеи «Чашмаи арзана» 793 оилаҳои хуҷандиён соҳиби қитъаи замин гардиданд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |