Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:10

«В.В.П» бар асари оташсӯзӣ нобуд гардид

2 декабр 2011, 08:04

Дар пойтахти ҷумҳурии ба расмият шинохтанашудаи Тирасполи  Наздиднестрове тарабхонае, ки ба хотири Владимир Владимирович Путин, сарвазири Русия  “В.В.П” номгузорӣ шуда буд, оташ гирифт.


Ин тарабхона, ки аз чанд гармхонаву ҳаммом, толори пазироӣ ва меҳмонхона иборат буд, бар асари оташсӯзӣ пурра сӯхта нобуд гардид.Бино ба маълумоти пулиси Наздиднестрове бар асари ин оташсӯзӣ бинои фарроғатгоҳ дар ошёнаи аввал, таҷҳизот ва ороишоти ҳуҷраҳои меҳмонхона дар ошёнаи дуввум сӯхта корношоям шудаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, оташсӯзӣ бар асари корношоям гардидани дудбаро сар задааст. Ҷузъиёти ҳодиса ҳодиса ва ҳаҷми зарар таҳқиқ карда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!