Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 17 август 2017, 04:54

Се голи беҷавоби «Регар-ТадАЗ»

2 декабр 2011, 11:08

Дастаи «Регар-ТадАЗ» зимни анҷоми бозии мавқуфмондаи Лигаи олии Тоҷикистон рақиби худ тими   «Парвоз»-ро бо ҳисрби 3:0 шикаст дод.


Ин дидор дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Муҳаммадҷон Ҳабибулоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» ба «Озодагон» гуфт, ки голи нахустинро дар ин бозӣ Нуъмон Ҳакимов дар қисмати аввали дидор ба ҳадаф расонд. Голи дуюмро Фарӯх Чориев ва голи охиринро дар дақиқаҳои охири рақобат боз Нуъмон Ҳакимов ба самар расонд.

Бозиҳои дигари мавқуфмондаи сабқат идома дорад. 3-юми декабр дастаҳои «Хуҷанд»- «Энергетик» ва «Истиқлол»-«Вахш» бозӣ мекунанд. 6-уми декабр ССКА «Помир»-«Истиқлол», «Хуҷанд»- «Регар ТадАЗ» ва 7-уми декабр «Парвоз»-«Энергетик» бо ҳам рақобат мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!