Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:07

Тӯҳфа ба кӯдакони маъюб

21 май 2011, 09:06

Ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон» бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва созмони байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» консерти хайрия бо иштироки ҳофизи шинохта Ҷамшед Исмоилов, овозхонони ансамбли «Гулшан» ва гурӯҳи рақсии «Ҷаҳоноро» баргузор гардид.

Зулайхо Комилова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, ба хабарнигори «Озодагон» гуфт, дар консерт 500 чипта бо қимати 3 сомонӣ ба  ба фурӯш бароварда шуд, аз маблағи  ба даст омада бошад, тўхфаҳои хотиравӣ харида шуда дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  1-уми июн ба кӯдакони маъюбу бепарастор тақдим мегардад. Роҳбари гурӯҳи консертӣ Ҷамшед Исмоилов гуфт, иттиҳодияҳои эҷодии консертӣ ният доранд, то рӯзи ҷашни иди байналмилалии кӯдакон дар навоҳии водии Рашту вилояти Бадахшон ва Суғд низ консертҳои хайриявӣ ташкил намоянд. Дар чорабинӣ як соҳибкор бо исми Ҳоҷӣ Алимурод  Холов барои кўдакони маълули Кӯлоб аз ҳисоби шахсияш даҳ ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, то дар ин рӯз ба тифлакон ҳадя намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!