Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Имтиёзҳои дастаи «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан» баробар шуданд

7 декабр 2011, 05:02

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар сабқат бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 1 ғолиб омад.


Ин бозии мавқуфмондаи даври 40-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон буда, рӯзи 6-уми декабр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.Тавре ба «Озодагон» аз ФФТ иттилоъ доданд, ду голи аввалро Фаррух Чориев ва Ҷамшед Исмоилов дар нимаи аввали бозӣ  ба самар расонданд. Беҳрӯз Сангинов, бозигари дастаи «Хуҷанд» бо як гол посух дод. Голи сеюми «Регар-ТадАЗ»-ро Аскар Равшанов дар нимаи дуюми дидор ба ҳадаф расонд.

Феълан, дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 89 имтиёз ва ду бозии мавқуфмонда дар ҷои аввал қарор дорад. «Регар-ТадАЗ» бо 89 имтиёз (шумораи ғалабааш нисбат ба «Равшан” якто камтар аст) ва се бозии боқимонда дар ҷои дуюм мебошад. «Истиқлол» , ки бо 84 имтиёз дар мақоми сеюм аст, боз 8 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев аз тими «Истиқлол» бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Комил Саидов  аз дастаи ССКА «Помир» бо 21 гол дар мақоми дуюм қарор дорад. Фозил Сатторов аз дастаи «Равшан»  ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 20-голӣ ва  Габриэл Донто аз дастаи «Энергетик» ва Нӯъмонҷон Ҳакимов аз тими “Регар-ТадАЗ” 19-голӣ задаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!