Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Ҷосусони амрикоӣ мизони фавтро дар Тоҷикистон ҳам муайян карданд

8 декабр 2011, 03:30

Хадамоти ҷосусии ИМА гузориши нави мустақилро дар бораи мизони маргу мир дар кишварҳои ҷаҳон интишор кардааст.


Тибқи ин санад Тоҷикистон миёни 223 кишвар дар дар ҷои 146 –ум қарор дорад. Дар гузориш, ки миқдори миёнаи фавтидагон сари ҳар ҳазор сокин дар як сол оварда шудааст, нишондоди Тоҷикистон ба 6,6 нафар баробар аст.

Сатҳи аз ҳама баланди фавт дар Ангола ба қайд гирифта шудааст, ки 23,4 нафар сари 1000 сокинро ташкил медиҳад. Дар паи он Афғонистон қарор дорад, ки дар ин кишвар миқдори миёнаи фавтидагон ба сари 1000 сокин 17,39-ро ташкил медиҳад.  Баъд аз инҳо Африқои Ҷанубӣ, Нигерия ва Русия ҷой гирифтаанд. Дар Русия ҳамасола сари 1000 нафар  ба ҳисоби миёна 16,04 нафар вафот карда истодаанд.

Сатҳи аз ҳама пасти фавт дар кишварҳои  арабӣ-Баҳрайн, Қувайт, Аморати муттаҳидаи Арабистон ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин кишварҳо ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 1000 нафар 2-3 нафар мефавтанду бас.  Кишварҳои Аврупо дар рӯйхати овардаи Хадамоти ҷосусии Амрико дар миёна қарор доранд. Дар ин давлатҳо сари ҳазор нафар сокин солее аз 7 то 9 фавт рост меояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!