Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

НБО-и Варзоб-1 бо кӯмаки Ҳиндустон таъмиру таҷдид шуда, зарфияташ боло меравад

8 декабр 2011, 04:42

Парлумони Тоҷикистон ёддошти ҳусни тафоҳум байни вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон  «Дар бораи таҷдиду бозсозии нерӯгоҳи барқи-обии Варзоб-1»-ро ба тасвиб расонд.


Пӯлод Муҳиддинов, муовини авали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар МН гуфт, ҳанӯз соли 2006-ум дар натиҷаи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба ҷумҳурии Ҳиндустон аз тарафи Деҳлӣ барои азнавсозии нерӯгоҳи мазкур кӯмаки бебозгашт дар ҳаҷми 17 миллион долари ИМА ҷудо шуда буд.

Зимнан қайд гардид, ки таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ва худи он ҳам дар солҳои 30-юми асри 20 ба истифода дода шудаанд ва аз сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисмҳои асосии таҷҳизот фарсудаву корношоям гашта, мушкилии мавҷударо дучанд карда буданд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа, иқтидори ҳар як агрегат ба зиёда аз як мегаватт афзоиш ёфта, бо назардошти барқарор намудани иқтидори он 9,5 мегаватро ташкил хоҳад кард. Афзоиши истеҳсоли энергияи барқ бошад дар натиҷаи аз навбарқарорсозии нерӯгоҳ дар як сол 19 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!