Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:01

М.Маҳмадаминов: Корфармо дигар наметавонад коргарро аз кор пеш кунад

8 декабр 2011, 06:55

Лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  кодекси меҳнат, ки аз тарафи вакилони маҷлиси намояндагон ва ҳукумати кишвар   ба парлумон ироа гардид, ҷонибдорӣ ёфт.


Сабоҳат Муқимова вакили МН, зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфт, аз ин ба баъд ҳамаи корфармоҳо дар Тоҷикистон муваззафанд, ки бо коргар на камтар аз як сол қарордоди ҳамкорӣ имзо кунанд. Дар ин ҳолат кордиҳанда вазифадор аст, меъёрҳои қонун барои ҳифзи ҳуқуқи коргар аз ҷумла таъмини рухсатӣ, пардохти маош ва баъзе аз кафолатҳои иҷтимоиро иҷро кунанд.

Маҳмадаминов Маҳмадамин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон пешиниҳодоти тағйиру иловаҳоро ба кодекси мазкур саривақтӣ шуморида ҳамзамон кайд карданд, ки лоиҳаи мазкур барои тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандон ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити кунуни мусоидат мекунад. Номбурда қайд кард, ки ба ҳолати имрӯза дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар кор мекунанд ва лиҳозо 50 дар сади коркунони кирояро занҳо ташкил мекунанд.

Ҳамзамон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, баъди қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани кодекси ислоҳшудаи кор, корфармоҳо муносибати худро бо коргар тағйир хоҳанд дод. Бино ба қавли ҷаноби вазир, қонун намегузорад, то корфармо худсарона коргарро аз кор биронад, зеро коршоямӣ ва ё корношоямии коргарро на корфармо, балки комиссияи мустақил муайян хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!