Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

Кӣ барандаи озмуни «Муаллими сол» дар соли 2011 мешавад?

8 декабр 2011, 10:13

Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол» идома дорад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати маориф иттилоъ доданд, озмуни мазкурро  президенти Академияи таҳсилоти педагогии Тоҷикистон, академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуда, ба довталабон барои иштирок дар сабқати донишу ҳунари омӯзгорӣ пирӯзӣ таманно намуд. Сипас, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Файзулло Партовов ҳозиринро бо ҳайати кумитаи тадорукот (зери роҳбарии И.Каримова) ва доварон (зери роҳбарии саркотиби илмии АТТ, узви вобастаи АТТ Сайидамир Аминов) шинос намуд.  С.Аминов иштироки довталабонро дар рӯзҳои муқарраршуда тибқи шартҳои низомнома шарҳ дод.

Гуфтанист, озмуни мазкур шоми имрӯз (8-уми декабр) ба поён расида, барандаи унвони «Муаллими сол» эълом хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!