Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

Шӯрообод: Боз афғонҳо ба қаламрави Тоҷикистон даромада, 10 сар гови сокинонро «ғанимат» гирифтанд

8 декабр 2011, 11:51

Як гурӯҳи афғонҳои силоҳбадаст ғайриқонунӣ вориди марзи Тоҷикистон шуда, молу колои сокинони Шӯроободро ба яғмо бурдаанд.


Хабарнигори маҳаллии «Озодагон» бо такя ба суханони сокинони наздимарзӣ аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки шоми 7-уми декабр афғонҳо рӯди Панҷро убур карда, вориди хоки ҷумҳурии мо гаштаанд. Зимнан, силоҳдорони афғон бо зӯрӣ ва фишор аз мавзеъи Дулобаи ҷамоати Саричашмаи Шӯрообод 10 сар гови сокинонро гирифта, ба Афғонистон бурдаанд. Ҳамзамон, аз ин ҳодиса сокинони маҳаллӣ ба мақомоти интизомӣ ва амниятӣ шикоят бурда, онҳоро аз асли қазия огаҳ кардаанд.

 

Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 8-уми декабр як ҳайате иборат аз кормандони бахшҳои мухталифи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ба рустои «Деҳи Қозӣ»-и Шӯрообод омада, ба тафтиши қазия шурӯъ кардаанд. Гуфта мешавад, дар заминаи ин се нафар аз сокинони ин деҳа барои бозпурсӣ ба раёсати минтақавии КДАМ оварда шудаанд. Ба ҷуз ин як силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ» низ аз ин русто, ки ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешуд, мусодира гардидааст.

Хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ҳамчунин журналистони дигари минтақа барои тафсилоти бештар ба ҳукумати ноҳияи Шӯрообод ва мақомоти марбута дар тамос шуданд, аммо кӯшишҳои онҳо бе натиҷа анҷом ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!