Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

«Толибон» ҳаргиз ба Тоҷикистон ҳуҷум нахоҳанд кард

9 декабр 2011, 03:22

Дар ин бора Сӯҳроб Шарифов, директори маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҳамойиши байналмилалии “Афғонистон, Покистон, Осиёи Марказӣ: падидаҳои нави сиёсӣ-минтақавӣ” рӯзи 8-уми декабр дар Душанбе иброз  дошт.


Номбурда фаъолияти гурӯҳу созмонҳои «махфии исломӣ» дар кишварҳои Осиёи Марказиро таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 хонд. Шарипов афзуд, мақомоти амниятии Русия ва коршиносони сиёсии ин кишвар пайваста дар мавриди хатари Толибон ба Осиёи Марказӣ ҳарф мезананд.

-Дар сурати ба қудрат расидани қунбиши Толибон дар Афғонистон низ хатари ҷиддӣ амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро на аз хориҷ, балки аз дохили ин кишварҳо таҳдид хоҳад кард,-гуфт Сӯҳроб Шарипов. Директори МТС Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва дигар созмону гурӯҳҳои ғайриқонунии мазҳабиро аз авомили чунин таҳдид арзёбӣ кард ва гуфт, ки мумкин аст ин гурӯҳҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон бештар фаъол шаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!