Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Мулло Умар ба ҳалокат расид

23 май 2011, 05:57

Сарвари ҳаракати «Толибон» Мулло Умар кушта шудааст. Дар ин бора телевизиони «Тулӯъ»-иАфғонистон бо такя бо як манбаъи муътамади ниҳодҳои махсуси Афғонистон хабар додааст.

Гуфта  мешавад, ки Мулло Умар зимни ҳаракат аз минтақаи Кветта ба самти  вилояти Вазиристони Шимолӣ ба қатл расонида шудааст. Ва аммо ин расона дар бораи замон ва тартиби қатли Мулло Умар чизе бештаре нагуфтааст.Дар ҳамин ҳол мақомоти Амрико баъди  аз байн бурдани Усома Бин Лодан, сарвари «Ал-Қойида» изҳор карда буданд, ки тасмими навбатиашон нобуд кардани Мулло Умар, сарвари  «Толибон» хоҳад буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!