Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 май 2017, 04:21

Боздошти як мансабдор дар Панҷакент бо ҷурми ришваситонӣ

12 декабр 2011, 11:47

Зимни як амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Панҷакент Нуралӣ Бердиқулови 39 сола бо ҷурми  порахӯрӣ боздошт гардидааст.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ӯ сокини  ҷамоати  Саразм, деҳаи  Ҳавзак, муҳандис-заминсози ҷамоати Саразм буда, рӯзи 9-уми декабари соли равон  барои ҷудо намудани 0,10 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои обии деҳаи  Ҳавзак аз шаҳрванд Элмурод Ҳокимов маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 доллари ИМА талаб намудааст ва аз ӯ ҳамчун пешпардохт 30.000 рубли русӣ гирифтааст.

Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!