Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 феврал 2017, 12:40

Бозии футбол ҷойи миллатгароён нест

23 май 2011, 07:09

Дар Русия ҳаракати «Одам: миллаташ футбол»  шурӯъ  гардид. Дар ин бора Сергей Фурсенко, президенти Федератсияи футболи Русия дар ҳамойиши навбатии ҳисоботии ин ниҳод хабар дод.

«Футболи бидуни сиёсат», гуфт Фурсенко ва афзуд, мо таҳаммулпазир ҳастем, тамоми футболбозон ва мухлисонро хайрамақдам мегӯем, аммо дар сафҳои худ миллатгароёнро ҳаргиз ҷой нахоҳем дод. Рӯҳияи ғолибият набояд ба миллатгароӣ мубаддал гардад. Шиори навбатии мо «Гуногуниро эҳтиром намо», «Миллатҳо бисёранд ва аммо футбол якто» бояд бошад,  хулоса кард Серегей Фурсенко.

Ин ҳаракати тозатаъсис дар пайи чанд бетартибиҳое, ки асосан за сӯи миллатгароёни зери ниқоби мухлисони дастаи «Спатак»-и Маскав сурат гирифта, бар асари он миқдори зиёди мухлисон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, курсиҳои нишастро ба майдонҳо рехта буданд, рӯи кор омадааст.

Дар ин созмон чеҳраҳои шинохта ба мисли Валерий Газаев, президенти дастаи футболи «Алания», ректори ДДМ ба номи Ломаносов Сергей Садовничий ва дигар чеҳраҳои саршиноси фарҳангу идм ва ходимони ҷамъиятӣ гирди ҳам омадаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!