Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 феврал 2017, 02:54

Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» баррасӣ шуд

19 декабр 2011, 05:39

Дар ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон, ки имрўз 19 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ»  муҳокима гардид.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар ҷаласаи шўро, ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи Шўро воридшуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов ва дигар аъзои Шўро суханронӣ намуда, дар бораи ҳадафу мақсадҳои пешниҳоди ин лоиҳаҳо андешаҳои хешро иброз доштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!