Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 02:25

Рустами Эмомалӣ- номзад ба мақоми президенти ФФТ

19 декабр 2011, 11:42

Конфронси солонаи ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 5-уми январи соли 2012 баргузор мешавад.


Дар ин бора Валерий Турсунов, нойиб-райиси ФФТ ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст. Бино ба гуфти оқои Турсунов, дар асоси Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин конфронс роҳбарияти нави федератсия (президент, ноиби президент, аъзои кумитаи иҷроия) интихоб мешавад:  «Дар айни ҳол ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон танҳо номзадии Рустам Эмомалӣ, ки феълан ноиби президенти ин федератсия мебошад, пешниҳод шудааст. Ман фикр мекунам, дар шароити имрӯза ӯ ягона номзадест, ки ба ин мансаб муносиб аст. Зеро ӯ метавонад масоили зиёдеро, ки имрӯз дар назди ФФТ истодааст, ҳал намояд. Ин сохтмони варзишгоҳҳову майдонҳои футбол, азнавсозии сохтори федератсия, умуман, корро ба таври нав пеш бурдан лозим меояд."

Бино ба иттилои расмӣ шумораи кормандони ФФТ дар айни замон 70 нафарро ташкил медиҳанд. Интизор меравад, дар кори конфронси интихоботию ҳисоботии ФФТ намояндагони ФИФА (Созмони байнулмилалии футбол) ва АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) ба ҳайси нозир ширкат варзанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!