Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: «Баҳром Ҳамроевро намешиносам ва мухолифи ҳар гуна эътирозҳо ҳастам»

20 декабр 2011, 06:53

«Ман мухолифи ҳар гуна гирдиҳамоӣ чӣ дар дохили Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ аз кишвар ҳастам».


Дар ин бора Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузории «Озодагон» иброз дошт. Мавсуф гуфт, ман аз пайравону ҷонибдорон ва ашхосе, ки ба хонаводаи мо таваҷҷӯҳ доранд, даъват кардам, ки дар пикети Маскав, ки имрӯз (20-уми декабр) дар назди сафорати ҶТ дар он шаҳр баргузор карданианд, ширкат накунанд.

Бояд гуфт, сухан сари масъалае меравад, ки чанде аз хабаргузориҳои хориҷӣ (аз ҷумла Фергана.ру ва ИсламНюс) шоми дирӯз иттилоъеро пахш карданд, ки гӯё Баҳром Ҳамроев, роҳбари созмони «Гурезаҳои сиёсӣ» ва аъзоёни ин ташкилот барои ҷонибдорӣ аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода даст ба як ҳамойиши эътирозӣ дар Маскав заданианд.

Ҳамзамон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки дар ташкили ин гирдиҳамоӣ даст надорад ва бо Баҳром Ҳамроев, ки худро масъули ин гирдиҳамоӣ номидааст, ошно нест: “Ман бо чанд нафар аз дӯстон ва наздиконам дар тамос шудам ва аз онҳо пурсидам, ки оё ин шахсро мешиносанд,, вале касе бо ӯ ошноӣ надоштааст. Вай афзуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба нафъи Тоҷикистон нестанд, ҳамчунин номбурда ташкили чунин гирдиҳамоии эътирозиро маҳкум кард ва аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки ба «дасисаҳо дода нашаванд ва дар чунин гирдиҳамоиву эътирозҳо ширкат накунанд». Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, мо бо ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҳеч ихтилофе надорем.     “Ихтилофе, ки вуҷуд дорад, бо бархе аз мақомоти Тоҷикистон аст, на бо давлат.”

Ёдрас менамоем, ин қазия ва ё ихтилофе, ки бо бархе аз мақомот унвон мешавад ва  Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз он ёд кард, аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!