Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:07

Душанбе ва Бишкек ҷонибдори бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Покистону Эрон мебошанд

20 декабр 2011, 09:41

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз бо ҳамтои қирғизаш Алмазбек Атамбаев мулоқот намуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, сарвари Тоҷикистон бори дигар Атамбаевро бо интихоб шуданаш ба мақоми президенти Қирғизистон табрик  гуфта, изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори устувори рушди сулҳомезу босуботи Қирғизистони ҳамсоя  мебошад».

Зимнан, масоили марбут ба муносиботи дуҷониба ва ҳамгироии минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Қирғизистон сарони ду давлат ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судманд, таҳкими дўстӣ ва ҳамсоягии накӯ таъкид доштанд. Зикр гардид, ки кори Шўрои байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, Комиссияи муайянсозии хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти корӣ ҷоннок карда шавад. Ҳавасмандии ду ҷониб ба идомаи ҳамкорӣ доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи КАСА – 1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Покистону Эрон таъкид гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!