Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Аҳолии Тоҷикистон: 7 миллиону 565 ҳазор нафар

23 май 2011, 09:18

Шумораи аҳолии Тоҷикистон то рӯзи 21-уми сентябри соли 2010 ҳудуди 7 миллиону 565 ҳазор нафарро ташкил дод.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар, натиҷаҳои қаблии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ҳамин арқомро нишон дод. Гуфта мешавад, шумораи аҳолии Тоҷикистон нисбат ба соли 2000-ум 1 миллиону 438 ҳазор нафар, ё муодили 23 фойиз  афзудааст. Зиёдшавии аҳолӣ  аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва қабл аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавтидагон ба вуҷуд меояд. Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000-ум дар қаламрави мамлакат дар авҷ буд, дар соли 2010   мӯътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот- 27 фоиз аҳолии шаҳр ва 73 фоиз аҳолии деҳотро ташкил кардааст. Ёдрас менамоем, натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2013 ба анҷом расида, он дар шакли нашри расмӣ пешниҳоди истифодабарандагон мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!