Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

«Water Friends Group» аз иқдоми Тоҷикистон пуштибонӣ кард

23 декабр 2011, 06:34

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ҷаласаи Гурӯҳи дӯстони об (Water Friends Group)-ро дар мавзӯи «Роҳ ба сӯи Конфронси Рио+20: Масъалаҳои об” дар сатҳи сафирон баргузор намуд.


Тибқи иттилои ВКХ-и кишвар, дар нишасти мазкур давлатҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об ва ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд. Ҷаласаро фиристодаи вижаи ҶТ дар СММ Сироҷиддин Аслов, ба ҳайси райиси Гурӯҳи дӯстони об, ифтитоҳ намуд.

Манбаъ афзуд, ҷаноби Аслов ҳозиринро бо натиҷаҳои Конфронси тадорукотии Душанбе, ки 19₋20 октябри соли ҷорӣ зери унвони «Роҳ ба сӯи Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об» барпо гардида буд, ошно сохт. Номбурда, инчунин дар бораи иқдоми дигари Тоҷикистон оид ба баргузор намудани ҳамойиши ҳамёрӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи об бо мақсади рушди устувор» (Partnership Forum on “Water Cooperation for Sustainable Development”) дар чаҳорчӯби Конфронси Рио+20 гузориш дод.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ҳамойиши мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи бештари кишварҳои узви СММ ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ба вежа дар Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ₋ 2013, табодули таҷриба дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар масъалаҳои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи захираҳои об ҳамчун омили калидии рушди устувор ва ғайра созмон дода шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони Маҷористон, Олмон, Фаронса, инчунин роҳбарияти дафтари ҳамоҳангсози масъалаҳои Конфронси Рио+20, Ҳайати мушовараи Дафтари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт (UNSGAB), Котиботи СММ-Об (UN-Water) ва дигарон дар масъалаҳои калидии рӯзномаи Конфронси Рио+20 суханронӣ намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!