Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:24

«Овоза ва ҳақиқат» озмуни нахустинашро ҷамъбаст кард

26 декабр 2011, 03:22

Озмуни вижа, ки аз ҷониби нашрияи «Овоза ва ҳақиқат» барои ҳама хонандагонаш эълом карда буд,  рӯзи 24-уми декабр ҷамъбаст гардид.


Дар озмуни мазкур, ки «Замоне…» ном дошт, ҳама хоҳишмандон, новобаста аз сину сол, коргару бекор, донишҷӯву мактабхон, умуман ҳар он нафаре, ки мехост беҳтарин лаҳзаҳои даврони мактабии худро бо хонандагони ҳафтанома  қисмат кунад, иштирок намуданд. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд танҳо як лаҳзаи ҷолиби замони мактабии худро менавиштанд.

 

Зимнан, муаллифони матолиби беҳтарин, ки аз ҷониби ҳакамон муайян шуданд, соҳиби тӯҳфаҳои арзанда шуданд. Ҳамин тавр, барандаи ҷойи аввал ва соҳиби компютер- «НЕТБУК» маводе бо номи «Хорпуштаки ман ва ҷурғоти сумкаи муаллим» аз дафтари хотираҳои муаллиф М. Х. гардид, аммо соҳиби мавод дар вақти мукофотсупорӣ ширкат надошт. Ҷойи дуюм ва соҳиби телефони мобилии «iPhone S5» маводи «Оқибати синфи 10 ҷудоӣ дорад», ки ба қалами хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 15, дар соли 1980 аз ноҳияи Файзобод шуд.

Муаллифи матлаби «Замоне нос кашиданӣ будам, то ҳамсинфон ҷудо нашаванд» (М.Н) ҷойи севвумро гирифта, соҳиби телефони «iPhone S1» гардид. Барандаи ҷойи 4-ум ва соҳиби «3G модем» муаллифи мақолаи «Ду гилем» -Шарифзода Бузургмеҳр аз ноҳияи Мастчоҳ эълом шуд. Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун аз ҷониби сарпарастон ва ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Дар интиҳо, сардабири ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» Муҳайё Нозимова кулли иштирокчиёни озмун минатдории худро баён намуда қайд кард, ки ин ҷамбасти озмун нест. Даври дуюми озмун аз 28.12.2011 оғоз гардида, дар арафаи иди Наврӯз ҷамбаст мешавад.

Ёдрас менамоем, сарпарастии озмуни мазкурро марказии таълимии «ФАЗЛ-2010», мағозаи «Bagozza Milano» ва ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба даст» ба зимма дошта, дастгирии иттилоотии озмунро хабаргузории «Озодагон» ва  радиои «Ватан» таъмин намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!