Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:03

Журналист Турсунпӯлод Аминҷонов аз олам чашм пӯшид

24 декабр 2011, 09:04

Як нафар аз чеҳраҳои шинохтаи журналистика ва адабиёт тоҷик аз дунё даргузашт.

Тавре наздикони марҳум ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, сабаби марги ӯ сактаи қалб аст, ки рӯзи 23-юми декабр дар манзили зисташ ба он дучор шуд.

Турсунпӯлод Аминҷонов соли 1949 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1971 шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи УДТ-и Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.Маврид ба ёдоварист, Пӯлодов аввалин хатмкардаи ихтисоси рӯзноманигорӣ маҳсуб мегардад. Фаъолияти кориашро пас аз гирифтани касби рӯзноманигорӣ дар Кумитаи ТВ ва радио оғоз карда, то охирин рӯзи ҳаёташ дар ин ҷо кор мекард.Тӯли фаъолияти худ дар вазифаҳои муҳаррир, муҳарири калон, мудири шӯъба, сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонони радиои Тоҷикистон, сармуҳаррири барномаҳои сиёсиву байналхалқии ТВ-и Тоҷикистон, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи радио ва телевизион ифои вазифа дошт.Дар факултаҳои рӯзноманигории ДМТ ва ДСТ низ ба ҳайси омӯзгор чанд вақт дарс гуфтааст.

Турсунпӯлод Аминҷонов ба унвони «Журналисти шойистаи Тоҷикистон» сазовор гардида, узви ИЖТ ва аъзои ИНТ буд. Маҷмӯи шеъру таронаҳояш бо тахаллуси      Турсунпӯлод Амини Истаравшанӣ рӯйи чоп омадаанд.

PS: Бо ташаббус ва ибтикори Турсунпӯлод Аминҷонов маросими «Ҳаҷ-1994» мустақиман дар шабакаи телевизионии кишвар пахш гардида буд. Дар доираҳои журналистӣ ва адабии Тоҷикистон ӯро чун рӯзноманигори босалиқа ва муҳаққиқи соҳа хуб мешиносанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!