Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:53

Кӯлоб: Бо гузашти 30 сол дар Фархор ба бунёди мактаб оғоз намуданд

26 декабр 2011, 05:34

Шурӯъ аз баҳори имсол дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон азнавбарқароркунии як мактаби таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Қурбонбой Каримов, раиси ноҳия иттилоъ дод. Бино ба  қавли ӯ, рӯзи 15-уми декабр дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тендер ба хотири азнавсозии мактаби миёнаи №8, воқеъ дар ҷамоати Деҳқонариқи ноҳияи Фархор баргузор гардид. Маблағгузории сохтмони мактаби мазкурро кишвари Арабистони Саудӣ ба ӯҳда гирифтааст: «Дар тендер ғолиб муайян гаштааст. Бино ба хабари расида, аз оғози баҳор, яъне моҳи март сохтмони ин мактаб низ оғоз меёбад».

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аввали ҳамин моҳ хабаргузории «Озодагон» дар мавриди аз сохтмон бозистодани ҳамин мактаб ва бепарвогии масъулин як гузориши интиқодӣ ба нашр дода буд. Сохтмони мактаби мазкур барои 1870 хонанда, нимаи солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби сохтмончиёни шӯравӣ оғоз гардид, аммо пас аз фанои СССР бунёди он 30 сол ба таъхир афтод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!