Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 06:49

Валид Муаллим: Мо нозирони арабиро интизорем

26 декабр 2011, 11:26

Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, имрӯз нахустин гурӯҳи нозирони кишварҳои ҷомеаи Араб вориди Сурия мешаванд.


Боздиди онҳо бахше аз барномаи қатъи хушунатҳост,  ки дар натиҷаи саркӯбии тазоҳуркунандагон тавассути нируҳои амниятии Сурия пеш омадааст.

Хабаргузориҳои ғарбӣ менависанд, Шӯрои Миллии Сурия, ки нирӯи мухолифи давлати ин кишвар аст, аз нозирон хостааст, ки аз шаҳри Ҳомс ва манотиқи дигар, ки нирӯҳои режим ҳамчунон норозиёни сиёсиро зери фишор мегиранд, боздид кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Валид Муаллим, вазири корҳои хориҷаи Сурия гуфтааст, мо интизорем,ки  нозирони кишварҳои арабӣ аз андешаҳои ҳукумат дар ин бора, ки нооромиҳо аслан кори дасти “террористони мусаллаҳ” аст, ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Аммо кишварҳои ғарбӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар барои ин нооромиҳо режими Башор Асадро муттаҳам медонанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!