Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:53

Президент қонунҳоеро, ки аз тарафи парлумон қабул гардидаанд, ба тасвиб расонд

28 декабр 2011, 05:40

Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳурин санадҳо- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  ҷумлаи онҳо мебошанд.қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва категорияҳои онҳоро муайян карда, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти онҳоро танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро муайян намуда, бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии инсон таҳия ва қабул карда шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба консессия танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консенсия додани объектҳо, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои консессиядор,  инчунин дигар масъалаҳои ба консессия додани моликияти давлатиро муайян менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» мўҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, тартиби ташаккули нусхаи онҳоро ҳамчун манбаи захиравии фонди миллии иттилоотию китобхонавӣ, таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии ҳуҷаттҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳоро танзим ва муайян менамояд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Дар бораи судҳои ҷумҳурии Тоҷикистон» низ бо мақсади такмили сохтор ва фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин мақомоти судӣ ва судяҳо равона карда шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!