Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Идомаи гирдиҳамоӣ алайҳи президент

24 май 2011, 05:16

Дар Тифлис, пойтахти ҷумҳурии Гурҷистон, гирдиҳамойии зиддиҳукуматӣ, ки бо ташаббуси ҳизбҳои опозитсионӣ баргузор гардида буд, ҳанӯз ҳам идома дорад.

Нино Бурҷанадзе, яке аз ташаббускорони аршади ин ҳамойиш, мегӯяд «Инқилоб акнун шурӯъ шуд. Онро худи ҳукуматдорон ва амали ғайриқонунии онҳо ба вуҷуд овард». Намойишҳои эътирозӣ усулан дар шаҳри Тифлис оғоз гардида, дар Кутаисӣ ва дигар шаҳрҳои ин мамлакат дастгирӣ меёбанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи иштирокчиёни ҳамойиши норозигиёни сохти давлатдорӣ аз 2 то 5-ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба андешаи дастандаркорон,  барпокунандагони митинги зиддиҳукуматӣ, ин шумора «хеле кам» будааст. Хонум  Бурҷанадзе дар назди ҳамойишгарон баромад карда, гуфтааст « зарур аст, то қисмати боз ҳам зиёдтари қувваҳои шаҳрвандонро ҷалб намоем. Агар пагоҳ ҳам ҳамин қадари дигар дар сафи мо афзояд, аллакай барои амалҳои пешбинишуда кифоят мекунад ва дигар мо ба қафо барнамегардем».

Дар ҳамин ҳол, садҳо нафар аз сарварони гирдиҳамойӣ дар назди бинои Барномаҳои ҷамъиятии Гурҷистон шабро рӯз кардан доранд. Ба гуфтаи  Нонна Гаприндашвили, шоҳмотзани шинохтаи гурҷӣ, роҳбари ҳизби «Ҷаласаи халқӣ», «ин марказ, ки ба майнаи давлатдорон сахт кора кардан дорад, то ба охир нигаҳ дошта мешавад ва то лаҳзаи охир барҳам намехӯрад»


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!