Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Эмомалӣ Раҳмон: Бояд 10 корхонаи дигари коркарди пашму пӯст бунёд шавад

30 декабр 2011, 04:21

Дирӯз дар Душанбе маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст нахуст ҳисоботи Вазири энергетика ва саноат доир ба рафти татбиқи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пўст ва пашм) барои давраи то соли 2015, ки 31 декабри соли 2008 тасдиқ гардида буд, шунида шуд.Тавре зикр гардид, соли 2008 корхонаҳои коркарди пашму пўст дар Тоҷикистон бо иқтидори ҳамагӣ, 0,8% кор мекарданд. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мазкур, ки ҳадафи асосии он ба роҳ мондани коркарди саноатии пашму пўсти чорво дар дохили кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ аст, як қатор корхонаҳои мавҷудаи соҳа ба барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии худ шурўъ намуда, 4 корхонаи нав низ ба кор даромад.

Тибқи супориши президент, дар зарфи як соли оянда бояд наздики 10 корхонаи нави коркарди пўсту пашм дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохта, ба кор дароварда шаванд.Сипас, ҳисоботи райиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» шунида шуд. Ба иттилои Сумангул Тағоева, ҳоло аз 17.686 нафар ходимони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 4.373 нафарашон занону духтарон мебошанд, ки дар қиёс ба соли 2003  2416 нафар зиёд мебошад. Шумораи занону духтарони соҳибкор ҳам, аз ҷумла ба туфайли грантҳои ҳукуматӣ, ки ҳар сол бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ ҷудо мегарданд, рў ба афзоиш дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!