Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:12

Сарагул аз ҳабси 6-моҳаи «ташноб» озод шуд

31 декабр 2011, 06:20

Як духтари 15-солаи афғон, ки ба хотири даст назадан ба фоҳишагарӣ аз  ҷониби хонаводаи шавҳараш мавриди латукӯб қарор гирифта, шаш моҳ инҷониб дар ташноб нигоҳ дошта мешуд, раҳо гардид.


Ин духтар дар ҳоле озод карда шуд, ки хонаводаи ў ба идораи полис хабар доданд. Чуноне ки райиси полиси шаҳри Пулӣ-Хумрии Афғонистон мегўяд, ин духтар Сарагул ном дошта, нўҳ моҳ пеш бо марди 30-сола, бо исми Муҳаммад Азим, ки феълан, зери пайгарди полис қарор дорад, ақди никоҳ бастааст.                                                                                                                     Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни тадқиқоти ин қазия, алайҳи се зани дигар, аз ҷумла модаршавҳари ў парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!