Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

ИНТ хостори таъсиси як ниҳоди вижаи байнулмиллалист

4 январ 2012, 07:11

Абдулҳамид Самадов, муовини райиси Иттифоқи нависандагониТоҷикистон пешниҳод кардааст, ки миёни се кишвари форсизабон - Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон Анҷумани адибон ва фарҳангиёни форсизабон таъсис шавад.

Номбурда ин пешниҳодро дар ҷараёни сафари ҳайати шоирону нависандагон ва ҳунармандони эронӣ ба Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ кардааст.

 

Маврид ба ёдоварист, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як созмони ҷамъиятӣ маҳсуб гардида, дар замони касби истиқлоли кишвар камтар аз худ ва масъулияти аъзоёнаш дар қиболи мушкилоти ҷомеъа ва печидагиҳои ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар дарак медиҳад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки таъсиси як созмони минтақавии адибони форсизабон ҳам дархури замон аст, агар аз зарфиятҳои аслии аҳли эҷод истифода шавад: «Дар акси ҳол он чиро хоҳем дид, ки дар зимни таъсиси шабакаи телевизионии форсизабонон хоҳем дид».

Ин дар ҳолест, ки панҷ сол боз дар Тоҷикистон Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон-Афрӯз фаъолият карда, чандин тарҳҳои ҳамкориро анҷом додааст.Тибқи иттилои масъулини ин созмон афроди зиёди соҳибқалам аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Инглистон ва Амрикову Олмон шомили он буда, иқдомоти муштаракро дар бахши ҳамгироии журналистони форсигӯ пиёда мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!