Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:47

Шаҳрдорӣ: Мушкили ҳамлу нақли мусофирон муваққатист

4 январ 2012, 11:48

Дар пойтахт мушкили хизматрасонии мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён омаданаш мумкин аст.

Дар ин бора Шафқат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Манбаъ гуфт: «Бо сабаби аз ҷониби ҷумҳурии Ўзбакистон қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҷануби Тоҷикистон ва муваққатан аз фаъолият мондани нуқтаҳои пуркунии гази табиӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри микроавтобуси №22, автобусҳои хатсайри №1, №2, №12 ва №37, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, ба мусофирон нороҳатӣ оварданашон мумкин аст».

 

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар хатҳои сайри Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ ва Ҷамъиятҳои хусусии ба мусофиркашонӣ машғулбудаи шаҳр зиёда аз 100 адад воситаҳои нақлиёти тамғаҳои автобус ва микроавтобус, ки бо гази табиӣ фаъолият менамоянд, ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Зимнан, бо назардошти ҳолати ҷойдошта шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи нақлиётӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти бо дигар намуди сўзишворӣ фаъолияткунанда, норасогии ба амал меомадаро бартараф созанд.

Ҳукумати пойтахт аз сокинон ва меҳмонони Душанбе даъват мекунад, ки  нисбати нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.

Ёдрас менамоем,  чанд рӯз қабл Ӯзбакистон бе ягон огоҳии пешакӣ интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кард. Дар пайи ин, сафири Ӯзбакистон ба вазорати умури хориҷа даъват шудааст, то паёми ҳукумати Тоҷикистонро ба кишвараш бирасонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!