Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:45

«Тоҷикони Россия» аз ин ба баъд дар Душанбе ҳам нашр мешавад

5 январ 2012, 06:49

Шурӯъ аз 5 январи соли 2012 нашри ҳафтавори «Тоҷикони Россия» дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда шуд.


Маврид ба тазаккур аст, ки ин нашрия 10 сол инҷониб, аз моҳи марти соли 2002 дар Федератсия Русия чоп мешавад. Рӯзнома сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, бештар дар мавриди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, ҳаёт ва фаъолияти диаспораи миллии тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатии мо ва дигар созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон матолиб ба табъ мерасонад.  
Бино ба қавли Муҳаммади Эгамзод, муассис ва сардабири он, то имрӯз «Тоҷикони Россия» моҳе як маротиба бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр мешуд ва бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва созмонхои тоҷикон дар ҳудуди он кишвар ройгон паҳн мегашт: «Минбаъд нашрия бо сабку услуби тоза корро оғоз намуда, ҳафтае як маротиба дар Душанбеву Маскав дар як вақт нашр мешавад.  


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!