Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:57

Шарҳи хадамоти матбуотии райисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи салоҳиятҳои нахуствазир ва муовини аввали ӯ

6 январ 2012, 03:22

Бо муовини якуми нахуствазири Тоҷикистон таъин шудани Матлубхон Давлатов, дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои сарвазир ва муовини аввали ў баъзе тағйирот ворид мегардад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд. Гуфтанист, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро дар амалӣ намудани  фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта, масъалаҳои саноат, комплекси сўзишворию энергетикӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёту коммуникатсия, геология, нафту газ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, масъалаҳои меъморӣ ва сохтмони асосӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард ва иншооти гидроэнергетикӣ, корҳои мелиоративӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкориро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад, ба Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия роҳбарӣ мекунад.

Ҳамзамон, сарвазири кишвар, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, ба шартномаю созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо мегузорад. Муовини якуми нахуствазир роҳбарии соҳаи иқтисодиётро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷету андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ амалӣ ва назорат менамояд.

-Муовини аввал, аснои набудани нахуствазир вазифаҳои ўро иҷро менамояд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!