Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 07:28

Як сокини пойтахт модаркалонашро ба қатл расонид

7 январ 2012, 06:23

Алексей Королёв, сокини кӯчаи Испечак-2, М-27 ноҳияи Синои пойтахт бо иттиҳоми куштор боздошт гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд,   рӯзи 5-уми январи соли равон, тахминан соатҳои 14:00-дақиқа, ҷасади шаҳрванд Елена Бондареваи 84 сола, ки дар кӯчаи Деҳотӣ мезист, дарёфт шуд. Дар тани мақтул аломатҳои марги маҷбурӣ, бо гирифтани ҷароҳатҳои захми латхӯрии сару рўй мавҷуд аст.

Дар пайи баргузории амалиёти фаврӣ- ҷустуҷуйи кормандони милиса набераи ӯ- Алексей Королёви 24 сола дастгир шуда, алъон дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.  Тафтиши қазия аз сӯи муфаттишон идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!