Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:04

Маҳбусон 680 нафарро асир гирифтанд

9 январ 2012, 06:29

Маҳбусони зиндони «Лос Текес» дар Венесуэлла аз субҳи рӯзи шанбе 680 нафарро асир гирифтаанд.


Гаравгонҳо асосан ақрабои маҳбусоне мебошанд, ки ба аёдати онҳо омада буданд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ  зиндониён гуфтаанд, то аз сӯи мақомот иҷро нашудани шартҳояшон, гасиронро раҳо нахоҳанд кард. Амали маҳбусон нишони ҳамрайъӣ ва дастгирӣ аз маҳбусони зиндонҳои  «Яре-1» ва «Яре-2», ки ҳафт рӯзи охир бо тақозои беҳтар кардани шароити зиндон эътироз мекунанд, унвон мешавад. Дар маҳбасхонаи «Яре» низ наздики 1000 «гаравгонони ихтиёрӣ», ки бо нишони эътироз худашон намехоҳанд ҳудуди зиндонро тарк намоянд, қарор доранд. Ба иттилои расида,  800 нафари «асирон» зан, қариб 150 нафар кӯдак ва танҳо 6 нафар мард будаанд. Гуфта мешавад, тайи моҳҳои январ-октябри соли 2011 дар зиндонҳои Венессуэлла 487 нафар маҳбус фавтидааст. Дар 10 соли охир бошад, теъдоди зиндониёни ба ҳалокатрасида марзи 4,5 ҳазорро убур кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!