Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

«Барқи тоҷик» 20 ҳазор ҳисобкунакро аз Хитой бидуни шартнома овардааст

12 январ 2012, 09:20

Воридоти ҳисобкунакҳои барқии мухталифтамға аз хориҷи кишвар бояд камтар шавад.


Дар ин бора Бахтиёр Шукуров, директори агентии Тоҷикстандарт зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе иброз дошт. Номбурда сабаби инро ба мушкил будани таъмири ҳисобкунакҳои барқӣ рабт дод: «Ҳамаи он ҳисобкунакҳои барқие, ки ворид мешванд, парметрҳои худро доранд  ва ресурсҳои зиёдатӣ талаб мекунанд, ки таъмирашон мушкилтар аст. Ҳоло ҳисобкунакҳои барқии Душанбе ва навоҳии тобеъро вобаста ба мӯҳлати истифодаашон аз санҷиш мегузаронем ва на ҳамаи онҳо аз санҷиш гузаштаанд».   
Ҷаноби Шукуров мегӯяд, ширкати «Барқи тоҷик» 170 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ-электрониро дар шаҳри Душанбе, 117 ҳазори дигарро дар вилояти Суғд насб хоҳад кард: «Илова бар ин миқдор боз 20 ҳазори дигарро ғайри проект худашон аз Хитой овардаанд».  








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!