Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:44

Хуҷанд: Райиси шаҳр довталаби курсии депутатӣ

12 январ 2012, 11:22

Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Хуҷанд рӯзи якшанбеи 19 феврали соли 2012 дар ҳавзаи интихоботии рақами 13 интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.


Тибқи иттилои расида, аз ин ҳавза номзадии иҷрокунандаи вазифаи райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, ба вакилии маҷлиси шаҳрии вакилони халқ пешниҳод гардида, он аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот пазируфта шуд.
Дар ҳамин ҳол, райиси комиссияи шаҳрии интихобот Мақсудҷон Иномҷонов шаҳодатномаи номзад ба вакилиро ба Каримов супорида, ба номзад «роҳи сафед» таманно кардааст.   
Бояд гуфт, Каримов Раҷаббой Аҳмадҷонович 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи олии технологии ҷумҳурии Қазоқистон (соли 1993) ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Русия (соли 2010) мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 дар ҷамъияти саҳомии «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд аз вазифаи муҳандис- технолог оғоз карда, сипас давоми солҳои минбаъда дар вазифаҳои мухталиф фаъолият дошт. Аз моҳи январи соли 2009 то моҳи октябри соли 2011 райиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд буд. 29 октябри соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи райиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!