Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

Мири пойтахт аз хизматрасонии муассисаҳои коммуналӣ интиқод кард

12 январ 2012, 12:00

Душанбе аз натиҷаи кори яксолаи мақомоти шаҳрдорӣ натиҷагирӣ кард.


Зимнан, имрӯз (12-уми январи соли 2012) дар КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва фаъолони пойтахт, намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати райиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2011 баргузор гардид.Дар ин бора Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод.
Бино ба гуфти номбурда, дар ҷаласа зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар доираи барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри муваффақ гардидан ба инкишофи устувори соҳаҳои мухталифи хоҷагии шаҳр, инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нињоӣ, ки мақсад аз он барои ба ҳар як сокини шаҳр фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷроиши  нишондиҳандаҳои асосии нақшавиро аз лиҳози оморӣ таъмин намуд.
Дар нишаст Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷумла зикр намуд, ки ба ҳамаи дастгириҳо нигоҳ накарда, дар фаъолияти сохторҳои марбутаи ноҳияҳои шаҳр, ки масъулияти хизматрасониҳои коммуналӣ сад дар сад ба онҳо вогузошта шудааст, то ба ҳол камбудиҳои ҷойдошта бо пуррагӣ бартараф нагаштаанд ва сатҳи хизматрасонӣ беҳбудии куллиро тақозо менамояд.
Тафсилоти бештар аз ин ҷаласа фардо, 13-уми январ дар www.ozodagon.tj  ба нашр мерасад



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!