Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:43

Вазъи саломатии журналист Додоҷони Атовулло вахим арзёбӣ мегардад

13 январ 2012, 05:38

Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи «Чароғи рӯз», ки шоми дирӯз дар Маскав ҳадафи ҳамлаи як шахси ношинос қарор гирифт, пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати нимбеҳушӣ қарор дорад.


Дар ин бора зимни як тамоси телефонӣ Басир Шамсов, дӯсти журналист ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шоми 12-уми январ, тахминан соати 21-30 дақиқа дар тарабхонаи мавсум итолёвии “Виа-ҷио” рух додааст: «Ростӣ, ки ман дар вақти ин ҳодиса набудам, аммо як соат қабл аз он бо Додоҷон сӯҳбат доштам. Сипас, нафари дигар аз рухдод ба ман бо воситаи телефон хабар дод».
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ ва бо такя ба гуфтаҳои пизишкон журналисти тоҷик аз қафаси синааш захмӣ шудааст ва фарди ҳамлавар бо корд ин амалро анҷом додааст. Додоҷони Атовуллоро дар мошини "Ёрии таъҷилӣ" соати 22-28 дақиқаи шаб ба бемористони ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав интиқол додаанд. Гуфтанист, ба ҷони журналисти 56-солаи тоҷик хатаре таҳдид намекунад, аммо аз сабаби хунравии зиёд вазъи ӯ ваҳим арзёби мегардад.   
Маврид ба ёдоварист, Додоҷони Атовулло (Атовуллоев) дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз"-ро дар Душанбе таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русияву Олмон ба сар мебард. Ӯ раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» низ ҳаст. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Додоҷони Атовулло бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низоми феълӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Бори охир моҳи апрели соли гузашта, додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия боздошт ва истирдоди ӯро ба Душанбе талаб карда буданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!