Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:23

Хуҷанд: Бурду бохти ҳукумати шаҳр дар соли 2011 ҷамъбаст гардид

13 январ 2012, 12:06

Дар толори маҷлисгоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, намояндагони васоити ахбори умум таҳти раёсати райиси шаҳр Раҷҷаббой Каримов маҷлиси фаъолон баргузор гардид.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз   натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2011 муовини аввали райиси шаҳр Иброҳимҷон Иброҳимов муфассал ҳисобот дод. Қайд гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба нишондиҳандаҳои як соли қабл 19,8 фоиз афзуда, он дар маҷмӯъ 323,7 миллион сомониро ташкил дод. Барои таҷдиди техникӣ ва навсозии технологии корҳонаҳои саноатии қаламрави шаҳр беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷию дохилӣ равона карда шуд.
Гуфта мешавад, корхонаҳои саноатии шаҳр имкони ширкат дар намоишгоҳҳои байналхалқии дар Фаронса, Итолиё, Испания, Русия баргузоргардидаро дарёфтанд.
Ҳамзамон, дар нишасти мазкур аз захираҳои истифоданашуда, камбудию норасоиҳои ҷойдошда, имкониятҳои бартараф кардани онҳо низ ибрози назар карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!