Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Бозёфти нафақахӯр: 79 мусалсал

19 январ 2012, 05:43

Нафақахӯре аз ҷумҳурии Удмуртияи Русия аз миёни сандуқҳое, ки ба ҷои ҳезум харидорӣ карда буд, миқдори зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҳарбиро дарёфт кардааст.


Пулиси даъватшуда тамоми сандуқҳоро тафтиш намуда, аз даруни 7 сандуқ 79 адад автомати Калашников,  253 магазин ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ дарёфт ва мусодира намуданд.
Тафтишот муқаррар намудааст, ки сандуқҳоро ба нафақахӯр ронандаи як ширкати хусусӣ аз ҳудуди корхонаи “Ижмаш”оварда фурӯхтааст. Маълум мегардад, ки ин миқдор аслиҳа барои нобудкунӣ пешбинӣ шуда, сандуқҳо барои истифода дар кашонидани партовҳо нигоҳдорӣ мешудаанд.
Бино ба гуфтаи пулис ронанда хостааст, бо ин роҳ даромади иловагии муфт ба даст орад.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шурӯъ шудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!