Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:38

«Вавилон Мобайл» ба муштарии 2 .500. 000-уминаш сабукрав тӯҳфа кард

23 январ 2012, 12:16

Ҳамшираи шафқати Маркази милли тиббӣ Маҳбуба Умароваи  39- сола, муштарии хушбахти ширкати  «Вавилон- мобайл» гардид.


Ба ин хотир, рӯзи 21-уми январ дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони ВАО Беҳзод  Файзуллоев,  сарвари кулли ҶСП «Вавилон-Мобайл» ғолибро табрик намуд ва ба ў калиди автомобили «HYUDAI», ҳамчунин сертификат барои 2.500. 000 сонияҳои ройгонро эъто кард.
Тавре худи Маҳбуба Умарова ба хабарнигори «Озодагон» гуфт, санаи 27 декабри соли 2011 ба шабакаи «Вавилон-мобайл» пайваст гардидааст ва ҳатто соҳиби мошин шудан дар гӯшаи хайёлаш ҳам набуд: «Пас аз пайваст шудан ба ман аз ширкати мазкур занг заданд, Марҳабо-бону маро табрик намуданд ва ба ширкат даъват карданд, омадам як тақвим доданд, рӯзи дигар боз аз ширкати «Вавилон Мобайл» занг заданд даъват карданд, ман фикр кардам, ки як каледар медиҳанд гуфтам, ки намеравам, онҳо гуфтанд, ки туҳфаи мо махфӣ мебошад, омада тӯҳфаатонро гиред. Имрӯз ман омадам ба ман автомашина тӯҳфа карданд, хело хурсандам, ки соҳиби мошини шахсӣ шудам».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!