Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:46

Тағоймуродов: Ҳузури «Газпромнефт»- ро дар Тоҷикистон «хатои стратегӣ» гуфтан аблаҳист

23 январ 2012, 12:18

Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, изҳороти бархе аз коршиносонро, ки роҳ додани «Газпромнефт»- ро ба Тоҷикистон омили осебпазирии сиёсию иқтисодии кишвар ва хатои стратегӣ арзёбӣ мекунанд, аблаҳӣ номид.


Тағоймуродов мегӯяд далелеро, ки Русия «Газпромнефт» - ро дар Тоҷикистон бо мақсадҳои сиёсиаш истифода кардаст, дар даст надорем. Ба гуфтаи Тағоймуродов сарфи назар аз он, ки Газпромнефт шояд ба мақсадҳои сиёсии Русия истифода шавад, дар шароити мавҷудаи Тоҷикистон  ин ягона имкони муътадил нигоҳ доштани иқтисодиёти Тоҷикистон аст.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ «Газпромнефт» - ро ягона ширкате номид, ки каму беш бемонеаъ ба воситаи ҳудуди Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба қадри даркорӣ сӯзишворӣ ворид карда истодааст. Вай Русияро ягона кишвари қодир арзёбӣ кард, ки ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳаҷми даркорӣ сӯзишворӣ пешниҳод карда метавонад.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 207,5 ҳазор тонна бензин ворид шудаст, ки дар муқоиса бо талаботи кишвар 150 ҳазор тонна ва нишондоди соли пеш 100 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон соли гузашта 146,3 ҳазор тоннаро ташкил додаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!