Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 06:28

Ламберто Занниер, дабири кулли САҲА ба Душанбе меояд

25 январ 2012, 04:04

Дар шаҳри Вена мулоқоти фиристодаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА   Нуриддин Шамсов ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар назди ин ташкилот Абдул Муҳаммад Шугуфон бо Дабири кулли САҲА Ламберто Занниер барпо гардид.


Зимни сӯҳбат масоили ҷараёни омодагӣ ба баргузории Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯи меҳварии муҳокимаронии ҷонибҳо маҳсуб меёфт. Намояндагони салоҳиятдори ҳарду кишвар аз номи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Афғонистон Залмай Расул ба Дабири кулли САҲА ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими минтақавӣ даъватномаи расмӣ супориданд.
Дар навбати худ, Дабири кулли САҲА  Занниер аз даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон барои ширкат дар конфронс изҳори миннатдорӣ намуда, бо дарназардошти аҳамияти чорабинии мазкур баҳри истиқрор ва рушди минбаъдаи иқтисодии Афғонистон иштироки шахсии худро дар ин ҳамоиш таъйид сохт. Ӯ гуфт, ки САҲА дар оянда низ барои тавсеаи ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!