Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:58

Расулзода: Наврӯз дар Суғд бошукӯҳ таҷлил мегардад

25 январ 2012, 11:57

Бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақом ва нақши ҷашни Наврӯз дар таърихи халқи тоҷик қарори марбутаи райиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.


Тибқи қарори мазкур, санаҳои 21-24-и марти соли 2012 Иди Бийналмиллаии Наврӯз дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил хоҳад гашт. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати тарғиби анъанаҳои наврӯзии ниёгон, оғози киштукори баҳорӣ, ҳидоят ба меҳру муҳаббат, ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои ташкили силсилаи чорабиниҳо  муваззаф гардиданд.
Ҳамчунин телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҷаллаҳои «Ноҳид» ва «Паёми суғд» оид ба таҷлили Иди Наврӯз барномаҳо таҳия намуда, мақолаву очеркҳо нашр менамоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!