Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:08

Генерал Амирқул Азимов райис интихоб гардид

25 май 2011, 05:56

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Душанбе идома дорад, узвияти вакили нав-генерал Амирқул Азимов тасдиқ гардид.
Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Амирқул Азимов раиси кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ,  мудофиа ва амният интихоб гардад. Ин қарор ба овоз монда шуд ва аз ҷониби вакилон қабул гардид. Ҳамчунин, дар ин ҷаласа Амирқул Азимов ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.

Ёдрас менамоем, интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Сино ба курсии вакили парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми май сурат гирифта, сабқат миёни 4 номзад, Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Толибшоҳи Сайидзода ва Сафарбек Манонов худпешбарию Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ баргузор шуд. Вакили собиқ аз ин ҳавза, Шермуҳаммади Шоҳиён феълан ба симмати раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ифои вазифа дорад.Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот генерал Азимов бо гирифтани беш аз 62 дарсади овозҳо курсии вакилии парлумонро соҳиб шуд. Аммо ситоди Толибшоҳ Сайидзода иддао дорад, ки интихобот баргузорнашуда аст ва санадҳои марбутаро дар ин бора ба КМИР пешниҳод сохтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!