Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Аксизи 3 фоиза аз провайдерҳо марбута беасос аст

27 январ 2012, 04:15

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даъвои Кумитаи андозро, ки аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет тақозо дорад, дар баробари операторони алоқаи мобилӣ аксизи сефоиза супоранд, беасос хонд.


Тавре масъулини Хадамот имрӯз дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор доштанд, Кодекси андоз, ки ҳуҷҷати асосии соҳаи андозбандӣ аст, дар қатори супорандагони аксизи сефоиза операторони алоқаи мобилиро муайян кардаст ва интернетпровайдерҳо ба онҳо шомил намешаванд.
Сарфи назар аз даъвоҳои Кумитаи андоз, масъулини Хадамоти алоқа, ки яке аз зерсохторҳояш ба дастраскунии интернет машғул аст, таъкид карданд, ки нияти пардохти аксизи сефоизаро надоранд.
Ёдрас мекунем, ки Кумитаи андоз охири соли гузашта аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет хостааст, аксизи сефоизаро пурра барои соли 2011 ҳисобӣ карда ба буҷет супоранд.  Ширкатҳои дастраскунандаи интернет ин даъворо беасос хонда, дар баробари заъфи ҳуқуқӣ доштани ин иддао ҳушдор медиҳанд, ки имкон дорад дар паи татбиқи аксизи сефоиза, нархи дастрасӣ ба интернет афзоиш ёфта, шумораи истифодабарандагони интернет кам ва вазъи молиявии ширкатҳо бад гардад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!